Noble Quran » Тоҷики » Books » НАЗАРИ УЛАМОИ МУОСИРИ ТОҶИК ДАР МАВРИДИ САҲОБА
НАЗАРИ УЛАМОИ МУОСИРИ ТОҶИК ДАР МАВРИДИ САҲОБА
Иқтибос аз китобӣ «ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ» Мардуми мусалмони тоҷик аз ҳамон ибтидои пазириши Ислом пайрави аҳли суннат ва ҷамъоат буда, дилҳои эшон дар тўли таърихи наздик ба якуним ҳазор сол аз муҳаббати саҳобагони Расули акрам (с) ва дигар бузургони садри Ислом лабрез мебошад. Онҳо дар муҳаббати асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) аз ифроту тафрит дурӣ намуда, дар шинохти фазлу азамат ва ҷойгоҳи рафеъи эшон равиши эътидолро дар пеш гирифтаанд. Инак, назари чанд тан аз шахсиятҳои барҷаста ва ходимони намоёни динро дар бораи мақом ва ҷойгоҳи саҳобагони Расули акрам (с) ва бузургони садри Ислом манзури хонандагон менамоем. Онҳо бо мутолиъаи назари ин бузургон метавонанд мавқеъи феълии донишмандон ва ҳамин тавр мардуми мусалмони тоҷикро дар бораи бузургон ва пешвоёни садри аввал ба даст оваранд.Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/373105
Random Books
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/321608
- ГУШАЕ АЗ ЗИНДАГОНИИ АСҲОБИ ПАЁМБАР (с) (разияллоҳу ъанҳум)Ин китоб баёнгари имони ростин ва шуҷоату қаҳрамонии ёрони босафои ҳазрати Паёмбар (дову дуруд бар У бод) аст, ки бо сидқу ихлос зи пай нуре, ки дар Макка дурахшид ва дар Мадина тобид ва дар ҷаҳон партав афканд, рафтанд ва саъодати ҷовидонро дар дунё бо зикри корномаҳои нек ва дар охират бо касби биҳишти барин дарёфтанд.
Formation : Абдурраҳмон Раъфат Бошо
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
From issues : Муассисаи Вақфи Исломи
Source : http://www.islamhouse.com/p/221983
- ҲАҶ ВА УМРАИн мақола дар бораи ҳаҷ ва умра, фарзҳои он, суннатҳои он, мустаҳабот ва дар бораи чигуна бояд ҳаҷ ва умра кардро баён мекунад.
Translators : Мусъаби Ҳамза
Source : http://www.islamhouse.com/p/250717
- Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳуCухани мо дар атрофи шахсе аст ки офтоб ба касе беҳтар аз У баъди Паёмбарон натобидааст. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки имони уро ва имони тамоми умматро дар тарозу гузоштанд имони у бар имони тамоми уммат ғолиб (вазнинтар) омад. Ин шахс ҳамон шахсе аст, ки тамоми молашро дар роҳи Худо хайр кард, аз у пурсида шуд оё барои аҳлу оилаат чизе боқи мондаи? Дар ҷавоб гуфт: барои аҳлу оилаам Худову Паёмбарашро мондам. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед ки у кист.
Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/204698
- ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИНҲазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з) маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.
Formation : Холид Абу Солиҳ
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329655












