Тоҷики - Sorah Al-Falaq ( The Daybreak ) - Noble Quran

Noble Quran » Тоҷики » Sorah Al-Falaq ( The Daybreak )

Choose the reader


Тоҷики

Sorah Al-Falaq ( The Daybreak ) - Verses Number 5
قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ الْفَلَقِ ( 1 ) Al-Falaq ( The Daybreak ) - Ayaa 1
Бигӯ: «Ба Парвардигори субҳгоҳ паноҳ мебарам,
مِن شَرِّ مَا خَلَقَ ( 2 ) Al-Falaq ( The Daybreak ) - Ayaa 2
аз шарри он чӣ биёфаридааст
وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ ( 3 ) Al-Falaq ( The Daybreak ) - Ayaa 3
ва аз шарри шаб чун дарояд
وَمِن شَرِّ النَّفَّاثَاتِ فِي الْعُقَدِ ( 4 ) Al-Falaq ( The Daybreak ) - Ayaa 4
ва аз шарри ҷодугароне, ки дар гиреҳҳо афсун медаманд
وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ ( 5 ) Al-Falaq ( The Daybreak ) - Ayaa 5
ва аз шарри ҳасуд чун ҳасад мекунад!»

Random Books

  • ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИНҲазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з) маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.

    Formation : Холид Абу Солиҳ

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/329655

    Download :ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИН

  • Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоатИн рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми паёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.

    Formation : Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-Усаймин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/228544

    Download :Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоатАқидаи аҳли суннат ва ҷамоат

  • ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)Ин китоб, ки бо унвони «Сеҳрайн» маъруф аст, ҷилди дуюми китоби «Шайхайн» (Таърихи хулафои рошидин: Абубакр (р) ва Умар (р)) буда, роҷеъ ба зиндагӣ, футуҳот ва шаҳодати ду халифаи рошид, домодҳои паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с): Усмон (р) ва Алӣ (р) маълумот медиҳад ва барои доираи васеъи хонандагон пешкаш карда мешавад.

    Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин

    Source : http://www.islamhouse.com/p/339648

    Download :ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)

  • Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин, балки ҳар як инсони соҳибақлро дар рўи замин маҷбур месозад сар ба зонуи тафаккур гузорад, посухи мантиқӣ гуфт. Ин тадқиқоти шайх Дидот зери унвони «Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?» қариб ба тамоми забонҳои халқхои дунё ба чоп расида, баҳои арзандаро низ сазовор гардид.

    Formation : Аҳмад Дидот

    Source : http://www.islamhouse.com/p/322439

    Download :Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?

  • Ақвол ва аъмоле, ки барои онҳо подош ва аҷр таъйин шуда астДар ин мақола баъзе аз ақвол ва аъмоле ки барои иҷро кардани он аҷру подош аст, бо далелҳо аз ҳадисҳои паёмбар баён карда шудааст.

    Formation : Гуруҳе аз Олимон

    Source : http://www.islamhouse.com/p/339054

    Download :Ақвол ва аъмоле, ки барои онҳо подош ва аҷр таъйин шуда астАқвол ва аъмоле, ки барои онҳо подош ва аҷр таъйин шуда аст