Noble Quran » Тоҷики » Books » Умари Форуқ - разияллоҳу анҳу -
Умари Форуқ - разияллоҳу анҳу -
Беҳтарини Саҳобагон, балки беҳтарини фарзандони одам, баъди Паёмбарону баъди Абубакр, ва маҳбубтарини саҳобаҳо ба Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- баъди Абубакр. Ин мард касе аст, ки ҳама вақт дар баробари гирифтани номаш, лақаби шучоъу ҳақпарасту одил ҳамроҳ карда мешавад, балки ҳар кучо ки номи У гирифта мешавад, ҳар сифати хубе ки дар баробарии номаш ҳамроҳ карда мешуд мувофиқ меомад, мисли, парҳезгор, зоҳид, хоксор, ва бисёр гирякунанда аз тарси Худо, ин чунин бисёр донову бо фаросат ва дурандеш ва душмани ҳавову ҳавас буд, ҳамай ин сифатҳое буданд ки номи ин шахс онҳоро дар бар мегирад. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед ки он кист.Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид
Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид
Source : http://www.islamhouse.com/p/208454
Random Books
- Одоб ва хусусиятҳои моҳи шарифи РамазонМоҳи рамазон моҳи бузург ва пурбаракате аст ва ин моҳ соҳиби одоб ва хосиятҳое аст ки дар дигар моҳҳо вуҷуд надорад, муаллифи ин китобча одоб ва хусусиятҳои ин моҳи муборакро барои хонанда баён намудааст.
Formation : Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/357421
- Саргузашти имом АбуҳанифаИн китоб қисми аввали аз саргузашти имом Абуҳанифа мебошад. Нависанда дар ин китоб дар бораи нашъунамо ва талаби илму, устодони имом Абуҳанифа суҳбат мекунад.
Formation : Мисбоҳиддини Ҳомид
Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Source : http://www.islamhouse.com/p/204700
- ФАЗИЛАТИ ШАБИ ҚАДР ВА ДАҲҲАИ ОХИРИ МОҲИ ШАРИФ РАМАЗОНШаби Қадр шабе аст, ки дар тамоми сол шабе ба бузургӣ ва фазилати он намерасад, Хусусиятҳои ин шабро, ки сабаби бузургӣ ва мубораки он шудааст, метавонем чунин ном барем: 1. Қуръон дар ин шаб бар Паёмбар (с) нозил шудааст. «Инно анзалноҳу фи лайлатил Қадр». Гуфта шудааст, ки тамоми китобҳои осмонӣ дар ҳамин шаб бар паёмбарон нозил шудаанд. 2. Ҳар амали хуб ва тоъату ибодате, ки дар ин шаб анҷом шавад бо амал ва ибодати ҳазор моҳ баробар аст. «Лайлатул Қадри хайрун мин алфи шаҳр». 3. Малоикаҳо ва Руҳ (Ҷибрил), ки аз малоики мукарраби илоҳӣ аст фуруд меоянд ва бо худ хайру салому раҳмати Илоҳиро ҳамроҳ доранд ва то субҳ ба назораи шабзиндадорон менишинанд. «Таназзалул малоикату ва-р-руҳу фиҳо би изни раббиҳим мин кулли амр». 4. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр». Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд.
Formation : Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/232839
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/321608
- ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМКитоб усули шинохти асосгузорон ва нашркунандагони мактаби Ислом – Саҳобагони Расули Худо Муҳаммад саллаллоху ъалайҳи ва саллам ва хидмату заҳамоти он абармардонро дар тақвияту густариши дини илоҳӣ ва фазилату дараҷаи онон ва баёни ҳукми маҳбубияту пайравӣ ва ё бадбинию душманӣ дар ҳаққи ононро аз дидгоҳи Қуръон ва Суннат ва низ бозтоби симои он бузургонро дар осори назмии шоъирони гузашта ва муъосири форсу тоҷик пешкаши хонандагон менамояд. Дар ин робита нуқтаназарҳои чанд тан аз уламо ва пешвоҳои мазҳабии бузурги кишвар, аз ҷумла: Раиси Маркази Исломии Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, Роҳбари маънавии ҲНИТ, Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва дигар азизонро дар хусуси шинохти фазоили Саҳобагони Расули Худо ва ҳукми саб ва носазогўяндаи онҳо мавриди баррасӣ қарор додаем.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/369120












