Noble Quran » Тоҷики » Books » Саду як қисса аз ҳаёти Усмон ибни Аффон (Худованд аз У рози бод)
Саду як қисса аз ҳаёти Усмон ибни Аффон (Худованд аз У рози бод)
Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва саввумин хулафои рошидин ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда, домоди Паёмбар (с) Усмон ибни Аффони Қурайшӣ… Зи-н-нурайн ва ҳамсари ду бадри мунир.Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/321610
Random Books
- Тамоку ё сигор вабои аср, бояд аз он раҳоӣ ёфт! Таҳлил, баррасӣ, аҳком, назарот, ва пешгўиҳоИн китобча дар бораи ҳукми тамоку ё сигор кашидан ва зарарҳои он мебошад, муаллиф баён мекунад ки сигор ба як вабои аср табдил ёфтааст. Ва чигуна бояд аз вай дури ҷуст.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Reveiwers : Мисбоҳиддини Ҳомид
Source : http://www.islamhouse.com/p/294967
- ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢСипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод. Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.
Formation : Абу Закариё Аннавави
Source : http://www.islamhouse.com/p/328848
- ФАЗИЛАТИ ШАБИ ҚАДР ВА ДАҲҲАИ ОХИРИ МОҲИ ШАРИФ РАМАЗОНШаби Қадр шабе аст, ки дар тамоми сол шабе ба бузургӣ ва фазилати он намерасад, Хусусиятҳои ин шабро, ки сабаби бузургӣ ва мубораки он шудааст, метавонем чунин ном барем: 1. Қуръон дар ин шаб бар Паёмбар (с) нозил шудааст. «Инно анзалноҳу фи лайлатил Қадр». Гуфта шудааст, ки тамоми китобҳои осмонӣ дар ҳамин шаб бар паёмбарон нозил шудаанд. 2. Ҳар амали хуб ва тоъату ибодате, ки дар ин шаб анҷом шавад бо амал ва ибодати ҳазор моҳ баробар аст. «Лайлатул Қадри хайрун мин алфи шаҳр». 3. Малоикаҳо ва Руҳ (Ҷибрил), ки аз малоики мукарраби илоҳӣ аст фуруд меоянд ва бо худ хайру салому раҳмати Илоҳиро ҳамроҳ доранд ва то субҳ ба назораи шабзиндадорон менишинанд. «Таназзалул малоикату ва-р-руҳу фиҳо би изни раббиҳим мин кулли амр». 4. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр». Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд.
Formation : Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/232839
- Хоҳарам бихон то фиребат надиҳандЭй хоҳари мусалмон: Тавтиаи бузурге барои масх карданат ва бози бо ҷисму шарафат ба роҳ афтода аст, пас огоҳ шав ва аз шарри ин найранги бад ба Парвардигорат паноҳ ҷуста аз Ӯ талаби ҳимоят кун, зеро танҳо Худованд аст, ки метавонад туро наҷот диҳад.
Formation : أبو بكر جابر الجزائري
Reveiwers : Абдусаттори Ҳақназар
Source : http://www.islamhouse.com/p/373108
- Паноҳгоҳи мусалмон: Азкор ва дуъоҳое аз Қуръон ва Аҳодиси набавиПаноҳгоҳи мусалмон: Нависандаи ин китоб шайх Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳаф ал-Қаҳтонӣ –Худованд дар ҳифзи худаш нигоҳаш дорад- мебошад, яке аз беҳтарин китобҳои зикрҳои рӯзу шаб дар ҳаёти мусалмон ба ҳисоб меравад, ва бо фазли Худованд ин китоб ба бисёре аз забонҳо тарҷума шудааст, ва кушиш кардем ки ҳамаи ин тарҷумаҳоро дар як саҳифа ҷамъ биоварем, ва зери назорат ва роҳбарии муаллиф забонҳои боқимондаро тарҷума кунем.
Formation : Саъид ибни Али ибни Ваҳб Ал-Қаҳтони
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/385690