Noble Quran » Тоҷики » Books » Саҳобаро ба даст овардам бидуни ин ки Аҳли Байтро аз даст бидиҳам!
Саҳобаро ба даст овардам бидуни ин ки Аҳли Байтро аз даст бидиҳам!
Саҳобаро ба даст овардам бидуни ин ки Аҳли Байтро аз даст бидиҳам! Нависанда гузариши худро аз олами шиъа ба ҳақиқати Ислом бо шеваи зебо ва қонеъкунанда ривоят мекунад.Formation : Али ибни Муҳаммад Қузайбӣ
Source : http://www.islamhouse.com/p/343900
Random Books
- ҲАҷ Таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми онМаросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.
Formation : Абдушшариф Боқизода
Source : http://www.islamhouse.com/p/252724
- Имон овардан ба улуҳияти ХудоМаънои имон овардан ба улуҳияти Худованд: Имон овардан ба улуҳияти Худо Бояд ҳар инсон тасдиқи қатъӣ намояд ба ин ки танҳо Аллоҳ таъоло сазовори ибодат ва парастиши зоҳирӣ ва ботинӣ мебошад; монанди дуъо, хавфу тарс аз Худо, таваккал намудан, мадад хостан, намоз, закот ва рўза. Бино бар ин банда яқин менамояд, ба ин ки фақат Аллоҳ таъоло маъбуди барҳақ ва бе мисли монанд мебошад, чуноне ки Аллоҳи бузург фармуда: (وإلهكم إله واحد لا إله إلا هو الرحمن الرحيم) «Ва Худои шумо якест, нест худое ҷуз Худованди бахшанда ва меҳрубон.»(Бақара-163)
Reveiwers : Билолуддин Бадруддин
From issues : http://www.firdavsi.com
Source : http://www.islamhouse.com/p/260232
- ТАЛҲА ВА ЗУБАЙР (ҲАМСОЯГОНИ ПАЁМБАР ДАР БИҲИШТ)Дар ин китоб муаллиф дар бораи ҳаёт ва зиндаги ва чигуна ба ислом гаравидани ҳазрати Талҳа ва Зубайрро барои хонандагон баён мекунад, ва ин чунин баъзе фазилатҳо ва суханони Паёмбари ислом дар бораи ин ду саҳобии пешқадам ба ислом ва башорат додашуда ба ҷаннатро низ пешкаши хонандагон мекунад.
Translators : Муҳсин Рамазони
Source : http://www.islamhouse.com/p/353550
- Ақидаи ҳар мусалмон (савол ва ҷавоб)Ақидаи ҳар мусалмон: Китобчаест ки 54 саволу ҷавобро дар мавзуи ақида дар бар мегирад, нависанда ба ин саволҳо аз Қурону Ҳадис ҷавоб медиҳад, зеро ин ки ақидаи тавҳид ин саъодату хушбахтии инсон дар дунё ва охират аст.
Formation : Муҳаммад Ҷамил Зайну
Source : http://www.islamhouse.com/p/309809
- Умари Форуқ - разияллоҳу анҳу -Беҳтарини Саҳобагон, балки беҳтарини фарзандони одам, баъди Паёмбарону баъди Абубакр, ва маҳбубтарини саҳобаҳо ба Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- баъди Абубакр. Ин мард касе аст, ки ҳама вақт дар баробари гирифтани номаш, лақаби шучоъу ҳақпарасту одил ҳамроҳ карда мешавад, балки ҳар кучо ки номи У гирифта мешавад, ҳар сифати хубе ки дар баробарии номаш ҳамроҳ карда мешуд мувофиқ меомад, мисли, парҳезгор, зоҳид, хоксор, ва бисёр гирякунанда аз тарси Худо, ин чунин бисёр донову бо фаросат ва дурандеш ва душмани ҳавову ҳавас буд, ҳамай ин сифатҳое буданд ки номи ин шахс онҳоро дар бар мегирад. Пас барои шинохтани ин шахс метавонед ба ин китоб ру биоваред, то инки бидонед ки он кист.
Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид
Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид
Source : http://www.islamhouse.com/p/208454